<aside> 📝

Хуш омадед! Дар ин саҳифа шумо тамоми маълумоти заруриро оид ба равандҳои бақайдгирӣ, супоридани мавод, меъёрҳои баҳодиҳӣ ва қоидаҳои иштирок дастрас хоҳед кард.

</aside>

Барои супоридани дархост, аз ин пайванд истифода баред: https://forms.gle/qrJK4EKsZW7eXUdx7

Лутфан, дар назар гиред, ки барои супоридани дархост доштани ҳисоби Google (Gmail) ҳатмист.

Ҳамаи саволҳо дар бораи дархости шумо бояд танҳо бо нишон додани рақами инфиродии дархост, бидуни маълумоти шахсӣ, ба почтаи электронии зерин фиристода шаванд: [email protected].

Раванди супоридани дархост

Раванди супоридан аз марҳилаҳои зерин иборат аст:

  1. Бо талаботи форматӣ шинос шавед ва маводҳоро омода созед, тавре ки дар Роҳнамо оид ба дархост тавсиф шудааст.
  2. Нақшаи дарсро тибқи намунаи шаблон омода кунед. Шаблонро аз ин пайванд дастрас карда метавонед: Дастурҳо барои пур кардани шаблон
  3. Google-шакли дархостро пур кунед: https://forms.gle/qrJK4EKsZW7eXUdx7

Бақайдгирӣ

Барои иштирок, шумо бояд:

Меъёрҳои интихоб ****

Критерияҳои арзёбии дархостҳо чунин хоҳанд буд:

Меъёрҳо Тавсиф
Мушаххасӣ/ аниқӣ Оё SCAFFOLD мушаххас ва аниқ дар нақшаи дарсӣ / машғулият истифода шудааст?
Аҳамият дар ҳаётӣ воқеӣ Оё дар нақшаи дарсӣ ҷанбаҳои воқеии ҳаётӣ возеҳ инъикос шудаанд?
Таъсирнокӣ Оё нақшаи дарсӣ ба иштироки талабагон ва натиҷаҳои омӯзиш таъсири мусбат мерасонад?
Рефлексивӣ (инъикоскунанда) будан Оё нақшаи дарсӣ тавсияҳои рефлексивӣ дар бораи чизе, ки омӯхта шудааст, ва тавсияҳо барои омӯзгорони дигарро дорад?
Омодагӣ ба нашршавӣ Оё нақшаи дарсӣ комил ва барои истифодаи дигар омӯзгорон қуллай  аст?